Беш аз 300 хабарнигори ватанӣ ва хориҷӣ Конфронси оби Душанбе-2026-ро инъикос менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки беш аз 300 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 100 рӯзноманигори байналмилалӣ Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро, ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе–пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, инъикос намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Шафизода иттилоъ дод.
Дар назар аст, ки конфронс аз ҷониби хабарнигорон аз оҷонсиҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳон, шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳо, аз ҷумла «Синьхуа» (Чин), «AL JAZEERA» (Қатар), «Reuters» (Британияи Кабир), «L’Express», «LeMonde» (Британияи Кабир), «Pakistan TV Digital (PTV)» «ABN NewsPakistan», MT Mir, NTV (Русия), «Azertaj» MT Mir, NTV (Русия), Озарбойҷон, «EnviroNews» (игерия), «SociedadedoNoticians» Мозамбик, Eurasian Pravda (Беларус), «Kuon» Камбоҷа, «TuranTales» Лаҳистон ва дигар воситаҳои ахбори оммаи бонуфуз инъикос карда шавад.
Муовини сардори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки таваҷҷуҳи зиёди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ ба конфронси дарпешистода аз афзоиши таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба рӯзномаи ҷаҳонии об ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт шаҳодат медиҳад. Ӯ афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибҳои калидии байналмилалӣ ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки намояндагони воситаҳои ахбори омма давоми конфронс таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
«Тамоми тадбирҳои зарурӣ барои таъмини фарогирии муносиби чорабиниҳои конфронс, аз ҷумла ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд, ҷаласаҳои мавзуӣ, форумҳои пеш аз конфронс, чорабиниҳои иловагӣ, намоишгоҳи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими дар барнома зикршуда андешида мешаванд. Аз 24 то 29 май барои намояндагони воситаҳои ахбори омма тамоми шароити зарурӣ барои иштирок дар форумҳо, ҷаласаҳои пленарӣ ва сафарҳо ба маконҳои сайёҳии берун аз шаҳр фароҳам оварда мешаванд.
Инчунин дар макони баргузории конфронс маркази матбуотӣ бо тамоми таҷҳизоти техникӣ ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла компютерҳо, дастрасӣ ба интернет, дастгоҳҳои муосири сабт ва пахши мустақими садо ва чопӣ -принтерҳо муҷаҳҳаз карда мешавад. Инчунин гӯшаҳои воситаҳои ахбори омма- студияҳои сайёр, ки дар онҳо хабарнигорон метавонанд брифингҳо баргузор кунанд ва бо коршиносон мусоҳиба анҷом диҳанд, низ ба нақша гирифта шудаанд.
Конфронси чоруми оби Душанбе марҳилаи муҳими омодагӣ ба самти Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 хоҳад буд. Он ба суръат бахшидан ба пешрафт ба сӯи Ҳадафи 6-уми рушди устувор, инчунин татбиқи дигар ҳадафҳои байналмилалии мувофиқашудаи марбут ба об мусоидат хоҳад кард.
Боряд гуфт, ки дар конфронси сатҳи баланди Душанбе роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо, вазирон, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, занон ва бахши хусусӣ иштирок менамоянд.
– Конфронси Душанбе имконияти беназиреро барои тақвияти шарикии байналмилалӣ, пешбурди роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, сафарбар кардани маблағгузорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас дар соҳаи идоракунии устувор ва фарогири захираҳои об фароҳам меорад, — таъкид намуд намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва саҳми расмӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 инъикос хоҳанд ёфт.
Созмондиҳандагони Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе саъй намудаанд, то конфронс дар сатҳи баланд баргузор шавад ва фазои мусоид барои фаъолияти намояндагони расонаҳои хабарӣ ба хотири бозтоби он фароҳам оварда шавад. Конфронси оби Душанбе далели равшани афзоиши мавқеи Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ хоҳад буд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028 аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд






