Беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ: натиҷаҳои мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои Чин дар Пекин

Май 12, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар шаҳри Пекин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони якчанд ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар натиҷаи он тавофуқҳои муҳими сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ ба даст омаданд.

Пас аз анҷоми мулоқот роҳбарони якчанд ширкати Чин оид ба дурнамои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва нақшаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ибрози назар намуданд.

Аз ҷумла, Раиси Шурои директорони ширкати «ZyF Holding»-и шаҳри Сучжоуи музофоти Ҷянсуи Чин Гонг Чанг Уи изҳор дошт, ки байни ширкат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Тибқи онҳо, ояндаи наздик сохтмони корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ва коркарди масолеҳи алюминий оғоз мегардад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба ин лоиҳа тақрибан 80 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Гонг Чанг Уи гуфт, ки чанде пеш ҳайати холдинг ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, бо имконияти иқтисодӣ ва фазои сармоягузории кишвар шинос шудааст. Ба иттилои ӯ, таваҷҷуҳи ширкатро пешрафти босуръати Тоҷикистон дар солҳои охир ва сиёсати пайгиронаи дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҷалб намудааст.

Таъкид гардид, ки ҷониби Чин омода аст дар рушди саноат ва иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, ҳамкории дуҷонибаро минбаъд низ густариш диҳад.

Муассис ва роҳбари ширкати машваратии тиҷоратии «Huahe International»-и Чин Лю Чуану низ барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои ҷалби сармоягузорӣ, машварати тиҷоратӣ, ҳамкории байниминтақавӣ ва ташкили намоишгоҳҳо изҳори омодагӣ намуд.

Лю Чуану гуфт, ки ширкати онҳо солҳои зиёд бо шарикони тоҷик, аз ҷумла «Тоҷинвест» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.

«Самти асосии фаъолияти ширкат сармоягузорӣ, машварати тиҷоратӣ ва мусоидат ба ҳамкории байниминтақавӣ мебошад. Мо намоишгоҳҳо баргузор менамоем ва чанде пеш дар Тоҷикистон низ намоишгоҳи бузурги молҳои Чинро ташкил карда будем. Ҳамасола ҳайатҳои гуногунро ба Тоҷикистон мефиристем ва минбаъд низ баргузории форумҳо, намоишгоҳҳо ва сафарҳои кориро идома медиҳем», — тазаккур дод роҳбари ширкати машваратии тиҷоратии «Huahe International».

Таъкид гардид, ки ширкат ба дастгирии касбии сармоягузорони чинӣ барои вуруди бехатар ва самаранок ба бозори Тоҷикистон ва ҳамчунин густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса дорад ва минбаъд низ ба рушди ҳамкории мутақобили судманд байни ду давлат мусоидат менамояд.

Раиси Шурои директорони ширкати «TBEA Company Limited» Хуан Бо изҳор дошт, ки ин ширкат тасмим гирифтааст фаъолияти сармоягузориашро дар Тоҷикистон густариш дода, ҳаҷми лоиҳаҳоро дар соҳаҳои энергетика ва саноат афзоиш диҳад.

Хуан Бо таъкид намуд, ки «TBEA Company Limited» аз соли 2005 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба дарёфт намуд.

Ба иттилои ӯ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин ба ширкат боварии иловагӣ бахшида, барои густариши минбаъдаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меорад.

«Мо минбаъд низ таҳти роҳбарии муҳтарам Президент ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятамонро васеъ намуда, ҷойи нави кор таъсис медиҳем ва дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузорем», — таъкид кард раиси Шурои директорони «TBEA Company Limited».

Ҳамчунин изҳор гардид, ки мулоқоту музокироти роҳбарони ду давлат ба дастёбии натиҷаҳои нави амалӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Чин мусоидат менамояд. Ширкат омода аст сармоягузориро дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика ва саноат фаъолтар намояд.

Дар соҳаи энергетика роҳбари Шурои директорони ширкати «Watcher Capital»-и Чин Гао Феи изҳор дошт, ки ширкат дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги сохтмони неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ, инчунин инфрасохтори энергетикиро ба маблағи тақрибан 1,5 миллиард доллар амалӣ менамояд.

Гао Феи гуфт, ки 11 май байни «Watcher Capital» ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ширкат аллакай ба корҳои омодагӣ барои сохтмони неругоҳҳои бодӣ бо иқтидори умумии 2 гигаватт оғоз намуд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба ин самт тақрибан 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки корҳои ибтидоӣ барои сохтмони зеристгоҳи барқии 500-киловолта ва хати интиқоли барқ бо дарозии 400 километр идома доранд ва ҳаҷми сармоягузорӣ ба он тақрибан 560 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

«Ширкат ҳамзамон лоиҳаи неругоҳи офтобиро бо иқтидори 2 гигаватт низ татбиқ мекунад ва имзои тамоми санадҳои зарурӣ то охири сол ба анҷом расида, баъдан корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд», — илова намуд роҳбари Шурои директорони ширкати «Watcher Capital».

Гао Феи таъкид кард, ки баъди ба истифода додани ин иншоот ҳаҷми истеҳсоли солонаи неруи барқ то ба 5 миллиард киловатт-соат расида, ба коҳиши камбуди барқ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки зеристгоҳ ва хати баландшиддат ҳамчун долони муҳими энергетикӣ барои интиқоли неруи барқ байни минтақаҳои мамлакат хизмат намуда, дар таҳкими низоми энергетикӣ саҳми назаррас мегузорад.

Роҳбари ширкати «Shandong Tianhong Technology»-и Чин Мяо Шэнлян иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи истеҳсоли мошинҳои боркаши вазнин ва ядакҳо бо ҷалби ширкат дар назар аст.

Таъкид гардид, ки дар марҳилаи аввал таъсиси корхонаи васлкунии мошинҳои боркаши вазнин дар Тоҷикистон дар асоси маҷмааҳои KD пешбинӣ гардида, баъдан гузариш ба истеҳсоли пурраи онҳо дар назар аст.

Ҳамзамон тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ядакҳо низ марҳила ба марҳила истеҳсол карда мешаванд. Қисме аз ҷузъҳо ва нимтайёрҳо аз Чин ворид гардида, барои васлкунӣ дар қаламрави Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд. Дар баробари ин якчанд раванди истеҳсолӣ дар дохили ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд.

Роҳбари ширкат таъкид кард, ки татбиқи ин лоиҳа ба рушди соҳаи саноат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари ширкати «Шандун Шиҷиа билдинг»-и Чин Маҷиан Лӣ низ нақшаи татбиқи лоиҳаи бузурги сохтмони маҷмааи муосири истиқоматиро дар Тоҷикистон эълон намуд. Лоиҳа дар асоси меъмории муосири чинӣ амалӣ гардида, ба фароҳам овардани муҳити бароҳат ва ободу замонавӣ барои зиндагии сокинон равона шудааст.

Маҷиан Ли изҳор дошт, ки ширкати «Шандун Шиҷиа билдинг» тасмим гирифтааст тақрибан 150 миллион долларро барои сохтмони маҷмааи истиқоматии элитӣ бо масоҳати 500 ҳазор метри мураббаъ сармоягузорӣ намояд.

Ба иттилои ӯ, дар таркиби маҷмаа таваққуфгоҳҳо, кӯдакистон, мактаб, муассисаи тиббӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

Маҷиан Ли таъкид кард, ки маҷмаа барои тақрибан 10 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, шароити муосиру мусоиди зиндагиро таъмин менамояд.

Ӯ афзуд, ки татбиқи ин лоиҳа ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Чин мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои чинӣ ва музокироти доираҳои соҳибкории ду давлат беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 8 миллиард доллари ИМА ба имзо расида, як қисми онҳо дар доираи Форуми «Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин» («Tajik-China Digital Business Connect») мувофиқа гардидаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе муаррифӣ карда шуд
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд