Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»

Май 26, 2026 15:19

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст. Ин чорабиниии сатҳи баланд ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки дар ҳалли ин масоили ҳаётан муҳими башарият дар якҷоягӣ тадбирҳои муҳим андешанд. Чунин ибрози назар намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иштирокчии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намояндаи Институти геологияи амалии Осиёи Марказӣ аз Қирғизистон Болот Молдобеков.

Ба гуфтаи намояндаи Қирғизистон, «масъалаи дастрасӣ ба оби тоза барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст. Тавре мо мушоҳида мекунем, солҳои охир бинобар тағйирёбии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо ба назар мерасад, ки боиси ташвиши аҳли сайёра гардидааст. Табиист, ки агар мо ба ин сари вақт эътибор надиҳем, инсоният ба мушкили норасоии об бештар дучор мешавад: шаҳрҳо зиёд мешаванд, аҳолӣ торафт меафзояд, талабот ба об ҳам меафзояд».

«Институти мо бо захираҳои об, аз ҷумла таназзули пиряхҳо, арзёбии пиряхҳо ва мониторинги Қирғизистон машғул аст. Мо ба захираҳои оби дарёҳои калон, аз ҷумла дарёи Сир алоҳида баҳо медиҳем», – афзуд ӯ.

«Баргузории ин конфрон имрӯз барои кишварҳои минтақа як рӯйдоди хеле муҳим аст, зеро дар Осиёи Марказӣ ду дарёи бузург: Амударё ва Сирдарё мавҷуд аст. Дар шароити тағирёбии иқлим андешидани чораҳои мутобиқшавӣ барои коҳиш додани таъсири норасогии об муҳим аст. Аз ин рӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути чунин чорабиниҳо дар атрофи ин масъала ҷамъ мешаванд, ки заминаи баҳсро фароҳам меорад», -гуфт Болот Молдобеков.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки Президенти Тоҷикистон имрӯз изҳор доштанд, ки баҳогузорӣ ва таҳлили аз ҷиҳати илмӣ асоснок имкон медиҳад, ки қарорҳои дуруст қабул кунем.

«Пас, ин қисми хеле муҳим аст. Имрӯз шумо мебинед, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ барои ҳамкорӣ омодаанд, ки ба манфиати муайян ва эҷоди як низоми устувори захираҳои об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунанд»,-афзуд номбурда.

Намояндаи Қирғизистон афзуд, ки ба Душанбе бисёр сафар кардааст ва шоҳиди он гардидааст, ки солҳои охир шаҳр то чӣ андоза босуръат тараққӣ мекунад.

«Давоми даҳ соли охир Душанбе ба таври шинохтанашаванда рушд ёфтааст. Пойтахти тоҷикон шаҳри зебо, сабзу хуррам аст ва барои кору зиндагӣ дар ин ҷо тамоми шароит муҳайё гардидааст».

Ёдовар мешавем, ки дар ин лаҳзаҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» идома дорад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин конфронсро тақрибан 400 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла зиёда аз 100 хабарнигори хориҷӣ аз агентӣ ва шабакаҳои пешбари ҷаҳонӣ инъикос мекунанд. Барои намояндагони воситаҳои ахбори омма дар «Кохи Сомон» маркази матбуотии муосир бо тамоми шароити техникӣ ташкил карда шудааст.

Баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бори дигар нақши рӯзафзуни Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди устувор таъкид мекунад.

Илова бар ин, ба ташкили чорабинӣ беш аз 150 волонтёр ҷалб гардидаанд, ки дар ҳамоҳангсозии ҳайатҳо, корҳои ташкилӣ ва хизматрасонӣ ба иштирокчиён мусоидат мекунанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд