Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродиро шарҳ медиҳад

Май 20, 2026 14:10

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ба амалиёти интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ, аз ҷумла байни аъзои оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад ва чунин амалиёт андозбандӣ карда намешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии лоиҳаи озмоишӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии равандҳои андозбандӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 то 3 фоиз паст карда шуда, ҳисобкунии андоз ба таври худкор амалӣ мешавад.

Ҳамзамон бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ қисми муайяни ин меъёр, яъне 1 фоиз ба харидор (пардохткунанда) баргардонида мешавад (кешбэк).

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои муосири пардохт бехатар буда, ҳифзи сирри бонкӣ пурра таъмин карда мешавад.

Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон ва соҳибкорон хоҳиш карда мешавад, ки ба маълумоти тасдиқнашуда бовар накарда, танҳо ба иттилооти расмии мақомоти ваколатдор такя намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини суботи низоми бонкӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар мавриди пайдо гардидани саволҳо вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ба ташкилоти қарзии молиявӣ ё ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами 44-600-15-20 муроҷиат намоянд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 20, 2026 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд