БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи қисмате аз хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Иштироки Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.
– Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба Тоҷикистон овардани хоки мазори сиёсатмадорони насли аввали Тоҷикистон–қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин яке аз поягузорони маориф дар Тоҷикистон Нисор Муҳаммад аз қабристони Донскои шаҳри Москва ва ба хок супоридани онҳо дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе дар саросари ҷумҳурӣ ҳамдилии беназир пайдо намуд.
Зеро қариб 100 сол аст, ки марқади ин шахсиятҳои номдори Тоҷикистон дар қабристони умумии қурбониёни таъқиботи солҳои сиюм дур аз ватан маҳфуз буданд. Дар шаҳри Душанбе эҳё гардидани қабри қаҳрамонони Тоҷикистон барои худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии насли нави миллат аҳаммияти калон дорад.
Маҳз Пешвои муаззами миллат ба корномаи ин ду фарзанди сарсупурдаи миллат баҳои воқеӣ дода, соли 2006 ба онҳо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро лоиқ донистанд. Иқдоми имрӯзаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон бори дигар собит менамояд, ки Пешвои муаззами миллат пайваста дар роҳи баланд бардоштани худшиносии миллии мардуми тоҷик, бузургдошти таъриху фарҳанги миллӣ ва шахсиятҳои арзандаи он ҷаҳду талош менамоянд. Ин ташаббуси нави таърихӣ, инсондӯстона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат моро ба он ҳидоят менамояд, ки дар роҳи мустаҳкам намудани истиқлоли давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳм гузорем.
Дар зер ба муносибити ин воқеаи муҳиму таърихӣ аз фаъолияти сиёсии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ёдовар мешавем.
Саҳми Нусратулло Махсум дар поягузории давлатдории миллии тоҷикон
Бо суқути давлати Сомониён халқи тоҷик давоми ҳазор сол аз давлати миллии хеш маҳрум гашт ва дар ҳайати давлатҳои гуногуни аҷнабӣ умр ба сар мебурд. Танҳо дар ибтидои садаи XX бо шарофати Ҳокимияти Шуравӣ халқи мо имкон пайдо кард, ки давлати хешро созмон диҳад. Ҳарчанд, ки раванди бунёди ин давлат тӯлонӣ ва пур аз муборизаҳо буд, бо вуҷуди он шароити фароҳамомадаи ибтидои асри XX имкон дод, ки мо имрӯз давлати соҳибистиқлоли хешро бо номи Тоҷикистон дошта бошем.
Манзур он аст, ки пас аз пошхӯрии давлати собиқи Шуравӣ танҳо ҳамон ҷумҳуриҳое истиклолият ба даст оварданд, ки мустақилона ба ҳайати он дохил буданд. Воқеаҳое, ки давоми асри XX дар ҳаёти сиёсии миллати тоҷик рух доданд, барҳақ инқилобӣ буданд ва халқи моро аз зулму асорат, ақибмондагии феодалӣ бароварда, ба олами тамаддун пайвастанд ва билохира Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башариро дар соли 1991 ба бор оварданд.
Поягузории давлатдории миллии халқи тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта ба амал омад. Ин солҳо дар ҳақиқат солҳои тақдирсоз буданд. Аз рӯи хусусияташон воқеоти сиёсии ин давраро метавон ба се қисм ҷудо намуд: а) солҳои 1917-1924 – давраи пайдоиши заминаҳо барои таъсиси сохти нави давлатдории миллӣ; б) солҳои 1924-1929 – давраи ибтидои ташаккули давлатдорӣ ё худ мухторият; в) 1929-1936 – таъсиси ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ИҶШС ва идомаи бунёди сохторҳои давлатӣ.
Заминаҳои таъсиси давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон бо пайдо шудани аввалин органҳои идораи шуравӣ – кумитаҳои инқилобӣ ба вучуд омада буданд. Ҳанӯз моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 дар навоҳии шимоли Тоҷикистон аввалин кумитаҳои инқилобӣ ташкил гаштанд, ки барои таъсиси шуроҳо – органҳои демократии ҳокимияти шуравӣ шароит фароҳам оварданд. Баъдтар чунин сохторҳо дар ҳудуди Помир ва Бухорои Шарқӣ низ таъсис ёфтанд, ки тавассути фаъолияти онҳо аҳолии маҳаллӣ бо тарзи нави идоракунии ҷомеа шинос шуданд.
Давоми солҳои 1920-1924 дар ҳудуди имрӯзаи ҷумҳурӣ ғайр аз кумитаҳои инқилобӣ инчунин шуроҳо (дар шимоли ҷумҳурӣ), Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ (дар Помир), Комиссияи фавқулодаи диктатории ҶХШБ доир ба Бухорои Шарқӣ, намояндагони махсуси хукумати Бухоро дар Бухорои Шарқӣ, КИМ-и Бухорои Шарқӣ (дар ҷанубу маркази Тоҷикистон) ва амсоли инҳо органҳои маҳаллии идораи ҶМШС Туркистон ва ҶХШС Бухоро амал мекарданд.
Дар шаклҳои гуногун таъсис гаштани органҳои идора аз он шаҳодат медоданд, ки аз як тараф вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ муташанниҷ буд, аз тарафи дигар минтақа аз нигоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ дар як поя набуд.
Таъсиси ин мақомот имкон доданд, ки намояндагони мардуми маҳаллӣ ба он фаро гирифта шуда, аз намудҳои нави идоракунии ҷомеа огоҳ гарданд.
Маҳз фаъолият дар ҳайати кумитаҳои инқилобӣ ба як гурӯҳ ҷавонони маҳаллӣ имкон дод, ки минбаъд то дараҷаи ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ сабзида расанд. Аксарияти кадрҳои роҳбарикунандаи Тоҷикистони нимаи дуюми солҳои 20 ва солҳои 30 аз мактаби кумитаҳои инқилобӣ гузашта буданд. Аз ҷумла, дар солҳои гуногун Чинор Имомов раисии кумитаи инқилобии шаҳри Ӯротеппа, Шириншо Шотемур раисии кумитаи инқилобии Помири ғарбӣ, Абдуқодир Муҳиддинов раисии кумитаи инқилобии Умумибухороиро ба уҳда доштанд. Нусратулло Махсум низ дар кумитаҳои инқилобии вилояти Ғарм фаъолият намуда, то дараҷаи раисии он расид ва баъдтар раисии комиссияи фавқулодаи диктаториро низ ба уҳда дошт.
Маҳз дар ҳамин солҳо сиёсатмадорони оянда малакаи кори идоракунии ҷомеаро аз худ мекунанд, дар ҷараёни пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ обутоб ёфта, барои амалӣ сохтани орзуи деринаи миллати хеш қаҳрамониҳо менамоянд.
Дар байни ин сиёсатмадорон Нусратулло Махсум ҷойи махсусро ишғол менамояд. Зеро ин фарзанди содиқи миллат давоми ҳашт сол нахустдавлати Тоҷикистонро сарварӣ намуда, дар бунёди сохтори сиёсии он саҳми бузург гузошт. То сари қудрат омадан ба ӯ лозим омад, ки дар вазифаҳои гуногуни масъул таҷриба андӯзад ва баркамол гардад.
Фаъолияти сиёсии Нусратулло Махсумро метавон ба се давра тақсим кард: а) давраи аввал, аз соли 1920 то соли 1924-ро фаро мегирад. Дар ин муддат Нусратулло Махсум ба сафи ҳизби болшевикӣ дохил гашта, сараввал ҳамчун роҳбалади Артиши Сурх ва баъд дар вазифаҳои масъули раиси комиссияи озуқаи кумитаи инқилобии вилояти Ғарм, раиси кумитаи инқилобии вилояти Ғарм, раиси комиссияи фавқулодаи диктатории Бухорои Шарқӣ ва раиси кумитаи иҷроияи вилояти Бухорои Шарқӣ фаъолият намуда, моҳияти сохти навро ба хубӣ дарк мекунад ва ҳамчун сиёсатмадор ба воя мерасад; б) давраи дуюм солҳои 1924-1929-ро дар бар гирифта, дар ин муддат Нусратулло Махсум ба ҳайси роҳбари ҷумҳурии мухтор, бо вуҷуди муборизаи сахт бо ҳаракати мухолифин, тамоми донишу маҳорати худро ба ду самт – ба ҷумҳурии мустақил табдил додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба муборизаҳои яроқнок сафарбар менамояд; в) давраи сеюм солҳои 1929-1933 буда, дар ин муддат дар ҷумҳурӣ асосҳои сохтори нави давлатдорӣ пурра бунёд карда мешаванд ва оммаи меҳнаткашон ба ҳаёти осоишта шуруъ мекунанд.
Солҳои сарварии Нусратулло Махсум дар Тоҷикистон он қадар маъракаҳои бузурге гузаронида шуданд, ки чунин корҳои бузургро халқи мо садсолаҳо надида буд.
Таъсиси органҳои нави идора дар шакли шуроҳо ва кумиҷроияҳо, бозгардонидани фирориён ва ташвиқу таблиғи моҳияти Ҳокимияти Шуравӣ, ҷалби занон ба корҳои идоракунии ҳокимият ва меҳнати чамъиятӣ, бунёди иқтисодиёт дар шакли нав, бунёди иншооти обӣ, анҷом додани муқовимати мухолифин, бунёди роҳи оҳан ва шабакаи васеи роҳҳои автомобилгард, маҳви бесаводӣ ва созмон додани мактабҳову курсҳои гуногуни касбомӯзӣ, ривоҷи васеи пахтакорӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи ин маъракаҳои бузург буда, ҳамаи он таҳти роҳбарии Нусратулло Махсум амалӣ гаштанд.
Ба андешаи мо, муҳимтарини онҳо созмон додани органҳои маҳаллии ҳокимият ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба он диққати аввалиндараҷа медод.
Вале, иҷрои муваффақонаи ин ниятҳо ба ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон дар танҳоӣ муяссар шуда наметавонист. Бинобар ин Нусратулло Махсум аз минбари анҷумани III Шуроҳои Иттиҳоди Шуравӣ (моҳи майи соли 1925 дар шаҳри Москва) дар хусуси аҳаммияти Ҳокимияти Шуравӣ барои халқи тоҷик сухан намуда, дар як вақт изҳор мекунад, ки «ба кишвари харобгаштаи мо ёрии ҷиддии халқҳои бародари ИҶШС барои барқарорсозии хоҷагиҳо, рушди маориф, тандурустӣ ва хусусан бунёди роҳи оҳан, ки ба пешравии иқтисодиёт такони бузург хоҳад дод, зарур аст».
Душвортарин солҳои фаъолияти роҳбарии Нусратулло Махсум солҳои 1924-1926 – солҳои Раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон буданаш буданд. Зеро ҳукумати навтаъсиси ҷумҳурӣ аз Тошканд ба пойтахте омад, ки барояш ҳатто бино набуд. Бинобар ин ба ҳукумат лозим омад, ки корро аз одитарин чиз – пайдо кардани бинои корӣ оғоз кунад.
Ҷаласаи якуми раёсати Кумитаи инқилобӣ, ки 7 декабри соли 1924 баргузор гашт, масъалаи сохтори дастгоҳи идораи ҷумҳуриро баррасӣ намуда, комиссариатҳои халқии соҳавӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявиро таъсис дод, шумораи коргарони онҳо ва штати коргарони кумитаҳои инқилобии маҳалливу вилоятҳоро низ муайян намуд.
Муҳимтарин ислоҳот дар роҳи татбиқи поягузории давлатдории нави миллӣ барҳам додани дастгоҳи кӯҳнаи маъмурӣ, оқсақол, мингбошӣ, амлокдор ва қозӣ буд, ки ҳанӯз дар қисмати Бухорои Шарқӣ пойдор буд. Бо ин мақсад Кумитаи инқилобии ҷумҳурӣ 9 апрели соли 1925 вазифаҳои оқсақол ва мингбоширо барҳам дода, ба ҷои онҳо кумитаи инқилобии деҳагиро ҷорӣ мекунад. 21 майи ҳамон сол вазифаи амлокдор низ бекор карда шуда, функсияи вай ба Комиссариати халқии молия ва сохторҳои маҳаллии он мегузарад.
Давоми фаъолияти Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон инчунин якчанд қонуну қарорҳо, амсоли «Дар хусуси дар ҶМШС Тоҷикистон ҷорӣ намудани забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ ҳамчун забонҳои давлатӣ ва истифодаи забони русӣ ҳамчун забони ёрирасон»(10 апрели с. 1925), «Дар бораи ҳуқуқҳои меҳнаткашон ва қонунияти инқилобӣ» (9 октябри с. 1925), «Дастури Шуроҳои ҷамоатӣ (деҳавӣ)» (15 декабри 1925), «Дастури Комиссариати корҳои дохила» (14 августа 1926), «Дастури судҳо ва қозиҳо» (2 июни с. 1926) ва ғайраҳоро қабул ва ба амал ҷорӣ намуд, ки ба ҷалби ҳарчи бештари омма дар идоракунии давлат мусоидат намуданд.
Чашмрастарин иқдомҳои Ҳукумат дар ин давра расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳои аз ҷанг зарардида, бозгашти фирориён ва сабук намудани андози кишоварзӣ буд.
Давоми ду соли фаъолияти Кумитаи инқилобӣ дар соҳаи фарҳанг низ чорабиниҳои зиёд гузаронида шуданд. Нусратулло Махсум нақши бузурги фарҳангро дар сохтмони ҷомеаи нав зикр намуда, меафзояд, ки «торикӣ, чаҳолат ва ақибмондагии фарҳангии омма вазнинтарин меросе мебошанд, ки ба Тоҷикистони Шуравӣ аз аморат боқӣ мондааст. Дар рӯзҳои оғози кори Кумитаи инқилобӣ мо ҳамагӣ 6 мактаб доштем. Солҳои 1925-26 мо аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ тайёр кардани омӯзгоронро ба роҳ мондем. Дар чор вилоят 29 мактаб ба кор оғоз намуданд… Тоҷикистон мактаби ҳизбии шуравӣ, курсҳои байнимуассисавӣ, курсҳои педагогӣ ва мактаби мусиқии худро дорад».
Дар фарҷоми сарварии Нусратулло Махсум, ки ба соли хониши 1932/33 рост омада буд, дар Тоҷикистон аллакай 2171 мактаби ибтидоӣ, 2 мактаби миёна, 12 мактаби 7-сола, 2313 курси маҳви бесаводии дорои 126 801 хонанда мавҷуд буданд, ки аз инкишофи суръатноки ҳаёти фарҳангии он давра дарак медоданд.
Бо кӯшиши кумитаҳои инқилобӣ солҳои 1925-1926 дар ҷумҳурӣ 11 касалхона, 14 нуқтаи тиббӣ, 11 амбулатория ва дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ҳисору Ӯротеппа, Ғарму Ҷиликӯл дорухонаҳо ба кор шуруъ намуданд.
Бо вуҷуди ин вазифаи асосии кумитаҳои инқилобӣ муҳайё сохтани шароит барои фаъолияти Шуроҳо буд. Дар Тоҷикистон, ки мубориза бо қувваҳои зиддишуравӣ давомнок буд, гузариш низ аз органҳои демократии ҳокимият нисбат ба дигар манотиқ дертар сурат гирифт. Аз ҳамин сабаб ҳам, аз соли 1924 то охири соли 1926 органи олии ҳокимият дар Тоҷикистои – Кумитаи инқилобӣ буда, вазифаи асосиаш дар каламрави ҷумҳурӣ иваз намудани кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ бо органҳои интихоботии ҳокимияти Шуроҳо буд.
Бо ин мақсад Кумитаи инқилобӣ 1 октябри соли 1925 ба имзои Нусратулло Махсум қарор мекунад, ки барои иваз кардани кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ аз 5 октябр интихобот ба органҳои маҳаллӣ оғоз карда шавад ва барои интихоби Ҳукумати марказии ҷумҳурӣ анҷумани якуми Шурои муассисон даъват карда шавад. Аз сабаби он, ки интихобот дар чумҳурӣ бори аввал мегузашт, 3 октябр ҳукумати инқилобӣ «Дастури муваққатии тартиби интихобот»-ро қабул мекунад, ки бояд барои мувофиқи қонун гузаронидани интихобот мусоидат мекард. Вале аз сабаби он, ки аҳолӣ бо чунин тарзи интихобот шинос набуд ва табақаҳои доро бо ҳар роҳ ба он халал мерасониданд, интихоботи тирамоҳи соли 1925 натиҷаҳои дилхоҳ надод. Аз ин сабаб бо қарори Кумитаи инқилобӣ интихобот ба органҳои маҳаллии Ҳокимият аз нав доир шуд ва дар тамоми ҷумҳурӣ ҳокимият аз Кумитаҳои инқилобӣ ба Шуроҳо гузашт.
Ҳаёти сиёсӣ дар ин солҳо ниҳоят тезутунд ва дар шароити муқовимати сахти ҳарбӣ мегузашт. Мухолифини Ҳокимияти шуравӣ бо ҳар роҳ ба маъракаҳои бунёдгузоронаи вай халал мерасониданд. Чуноне ки дар маърузаи хеш ба Анҷумани якуми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум иброз медорад: «Асоситарин монеа барои ҳалли вазифаҳои инқилобии ҳукумат босмачигарӣ мебошад. Ин босмачигарӣ, пеш аз ҳама, ҳаракати сиёсиест, шӯришест барои мубориза бо ҳокимияти шуравӣ ва сарнагун намудани он, ки аз ҷониби амиру пайравони ӯ, табақаҳои болоии амалдорон, руҳониён ва бойҳо ташкил шуда, ба нигаҳдории тартиботи кӯҳна, ҳуқуқу имтиёзҳо ва моликияти ин ашхос равона шудааст… Босмачигарӣ ду намуд дорад: якум – кушод, яъне муборизаи яроқнок, дуюм – пинҳонӣ, яъне ҳамдастии гурӯҳҳои алоҳида ба гурӯҳи якум, ки аз амалдорони маҳаллӣ иборат аст. Маҳз намуди дуюми он нисбатан чиддӣ, хавфнок ва зарарнок буда, босмачиён дар симои он дастгиру ёрирасони хешро мебинанд…». Баҳои Нусратулло Махсум ба мухолифини Ҳокимияти Шуравӣ ифшогари фазои сиёсии он давра мебошад.
Тавре аз маърузаи ҳисоботии Раиси Кумитаи инқилобии Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба анҷумани 1-уми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон бармеояд, пас аз интихоботи моҳҳои август-октябри соли 1926 «дар натиҷаи амалӣ гаштани ин маъракаи муҳим мо имрӯз 253 дастгоҳи шуравии ҷамоатӣ ва деҳавии дорои 1518 аъзо, 75 кумиҷроия дар кентҳо бо 675 аъзо, 10 кумиҷроияи туманӣ бо 285 аъзо, 6 кумиҷроияи вилоятӣ ва як кумиҷроияи вилояти мухтор бо 245 аъзо дорем. Умуман 354 дастгоҳи шуравӣ марказҳои идоракунии шуравӣ ба кор оғоз намуд, ки дар он 2723 шаҳрванд фаро гирифта шудаанд».
Барқарор шудани ҳокимияти интихобӣ дар маҳалҳо маънои онро дошт, ки Кумитаи инқилобии ҷумҳурӣ функсияҳои хешро ба иҷро расонид. Аз ин хотир, анҷумани 1-уми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон кумитаҳои инқилобиро барҳам дода, органи олии ҳокимиятро интихоб намуд ва Нусратулло Махсумро раиси он пазируфт. Ба танзим даровардани дастгоҳи идора дар шакли шуроҳо ва комиҷроияҳо, ба идоракунии давлат ҷалб намудани омма ва ёрии Марказу ҷумҳуриҳои бародар имкон доданд, ки дар се сол Тоҷикистон ба комёбиҳои баланд ноил гардад. Дар ин маврид Нусратулло Махсум дар маърузаи ифтитоҳиаш ҳангоми оғоз бахшидани анҷумани дуюми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон (21 апрели соли 1929) ёдовар шуда, қайд мекунад, ки «дувуним сол пеш мо шабакаи обёрӣ надоштем, роҳ набуд, дар деҳот мактабҳо ва нуқтаҳои тиббӣ мавҷуд набуданд. Имрӯз мо дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ дастовардҳои хуб дорем. Он вазифаҳое, ки анҷумани якум пешбинӣ карда буд, 100% иҷро шуданд». Дар ҳамин маъруза Нусратулло Махсум дар бораи вазифаҳои минбаъда сухан ронда, дар мадди аввал пурқувват кардани соҳаи кишоварзӣ, сохтмони роҳи оҳан ва автомобилиро мегузорад. Таҳлили ниҳоят мӯшикофона ва дурандешонаи роҳбари чумҳурӣ, ки аз маърузаи мазкур эҳсос мегардад, далели он аст, ки Нусратулло Махсум проблемаҳои мавҷударо амиқ дарк мекард ва барои ҳалли онҳо пайваста ҷадал менамуд.
Дар ин давра самти асосии фаъолияти Нусратулло Махсум ва ҳамсафони ӯ мубориза барои ба даст овардани мустақилияти ҷумҳурӣ буд. Ҳаминро бояд гуфт, ки ба ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон қадами бузурге буд дар поягузории давлатдории миллии халқи тоҷик. Ба хотири муяссар шудани миллати тоҷик ба ин музаффарият Нусратулло Махсум бо ҳайати онвақтаи ҳукумати ҷумхурӣ дар саросари кишвар ҷаласаву пленумҳои ноҳиявии кумиҷроияҳоро ба роҳ монданд, ки дар ин ҷамъомадҳо аҳолӣ талабот пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон аз ҳайати Узбекистон бароварда шавад ва ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ мустақилона ворид гардад. Дар баробари ирсоли мактубҳо ба органҳои марказӣ Нусратулло Махсум ба воситаи матбуот низ баромад намуда, ин талаботи аҳолиро асоснок мекунад.
Дар таърихи давлатдории тоҷик 16 октябри соли 1929 рӯзи фаромӯшнопазир аст. Дар маърузаи раиси ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Махсум «Роҷеъ ба масъалаи ба Ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани ҶМШС Тоҷикистон ва ба ҳайати ИҶШС дохил шудани он» комёбиҳои ҷумҳурӣ дар ҷодаи сиёсат ва иқтисодиёт зикр гаштанд. Роҳбари ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки муваффақиятҳо дар натиҷаи торумори босмачигарӣ, сафарбар намудани ҳамаи захираҳои ҷумҳурӣ баҳри иҷрои нақшаҳо, фаъолиятнокии мардум ва ёрии ҷамоҳири иттифоқ даст дод. Бо вуҷуди ин, Нусратулло Махсум таъкид намуд, ки ин ҳама дастовардҳо танҳо оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, дар пеш вазифаҳои душвор истодаанд, ки ҳалли онҳо моро аз ақибмонии иқтисодиву фарҳангӣ аз дигар ҷамоҳири иттифоқ бояд раҳо созанд, мо бояд органҳои идораи давлатиро ташкил диҳем ва корҳои тарбиявӣ-сиёсиро вусъат бахшем. Ин проблемаҳо танҳо ҳамон вақт иҷро мешаванд, ки мо ҷумҳурии мустақили хешро дошта бошем. Ин иқтибосҳо аз нутқи сарвари онвақтаи ҷумхурӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ дурбинии инкишофи чумҳуриро равшан эҳсос мекард ва барои ободии Тоҷикистон ҷадал менамуд.
Дар нутқи хотимавиаш, ки пас аз интихоби ҳайати нави КИМ, ҳангоми анҷоми кори анҷуман иброз намуд, Нусратулло Махсум бори дигар вазифаҳои минбаъдаро ёдрас намуда, иброз намуд, ки муҳимтарини онҳо тавсеаи органҳои маҳаллии Шуроҳо ва ба кори онҳо ҷалб намудани деҳқонон мебошад. Инчунин вай ба мустаҳкам намудани алоқаи органҳои маҳаллӣ бо органҳои марказӣ дахл намуда, зарурати сохтмони роҳҳоро таъкид намуд.
Вазифаи муҳими дигар, ба андешаи Нусратулло Махсум, иҷрои барномаи пахта буда, ба ҳамагон аҳамияти онро барои иктисодиёти ҷумхурӣ таъкид сохт.
Масъалаи нозук ва муҳим ҷалб намудани занон ба меҳнати ҷамъиятӣ ва таҳсил буд. Нусратулло Махсум дар солҳои сарвариаш ба ин масъала аҳамияти махсус медод. Ӯ дар мақолаи хеш «Шуроҳо-ситоди озодибахши занон», ки моҳи марти соли 1930 дар рӯзномаи «Советский Таджикистан» дарҷ шуда буд, дар хусуси аҳамияти воқеоти сиёсии давр дар ҳаёти занон ибрози назар намуда, зикр мекунад, ки «мо шоҳиди болоравии фаъолнокии занон мебошем. Шумораи занҳо дар Шуроҳо ва кумитаҳои иҷроияи ҷумҳурӣ меафзояд; таваҷҷуҳ ба дониш ва таҳсил даҳҳо ҳазор занонро ба муасисаҳои таълимӣ ҷалб месозад, онҳоро аз асорату ҷаҳолат берун меорад».
Дар ҳақиқат дар нимаи дуюми солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-юм дар ин ҷода комёбиҳои назаррас ба даст омада буданд.
Яке аз маъракаҳои муҳим дар роҳи ҷалби занон ба меҳнати ҷамъиятӣ маъракаи оммавӣ-сиёсӣ бо номи «Ҳуҷум» буд, ки амалисозии онро Нусратулло Махсум шахсан зери назорат дошт. Ин чорабинӣ дар ҳақиқат ҳуҷум бар зидди анъаноти фарсудаи феодалӣ ва динӣ буд. Дар натиҷаи таъсири он «ҳазорон занони маҳаллӣ фаранҷиҳои хешро бадар намуда, ба сохтмони давлати нав ҳамроҳ шуданд. Миқдори занҳо дар ҳайати Шуроҳои маҳаллӣ аз 8,9%-и соли 1927/28 то 14% дар солҳои 1928/29 мерасад ва то моҳи феврали соли 1929 ба Шуроҳои маҳаллии Тоҷикистон 1070 нафар занон ҷалб карда мешаванд, ки 20 нафари онҳо сарварии ин шуроҳоро ба уҳда доштанд».
Хулоса, Нусратулло Махсум ҳамчун аввалин роҳбари давлати нави шуравии Тоҷикистон дар поягузории он саҳми бузург гузошта, номи хешро дар саҳифаҳои таърих барои асрҳо ҷовидона гардонид.
Абдулло ҒАФУРОВ,
номзади илмҳои таърих








ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳикмати озодагон — чароғи роҳи худшиносӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Илмомӯзӣ – ватандӯстӣ – амният: се рукни асосии стратегии рушди миллии Тоҷикистон
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон






