Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд

Май 21, 2026 09:54

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати бонуфузи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таҳти роҳбарии Дабири кулли Созмон Фаридун Синирлиоғлу дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба меҳмонон зимни сайри осорхонавӣ доир ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури мамлакат ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маълумот дода шуд.

Фаридун Синирлиоғлу ва ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро дарҷ намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 21, 2026 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид