Дабири кулли САҲА саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа баланд арзёбӣ намуд

Май 20, 2026 20:30

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Фаридун Синирлиоғлу баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни музокирот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими марзҳо, муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва рушди ҳамкории байниминтақавиро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба барномаҳои муштарак дар самтҳои таъмини субот, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, амнияти киберӣ ва дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ зоҳир гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти ҳамкории амалиро бо САҲА таъкид намуда, ба густариши минбаъдаи он дар самтҳои афзалиятноки мавриди таваҷҷуҳи муштарак таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Дабири кулли САҲА саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа баланд арзёбӣ намуда, омодагии созмонро ба хотири  идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъйид кард.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо пойбандии худро ба рушди шарикӣ ва ҳифзи тамосҳои мунтазам дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2026 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд