Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар шаҳри Абузабӣ бо ташаббуси муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доир ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, дар брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, аз қабили шабакаи телевизионии “Abu Dhabi TV”, нашрияҳои “Al Ittihad”, “Al Bayan”, “Gulf News”, “The National”, Агентии миллии иттилоотии “WAM News”, инчунин коршиносони ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид дар Аморот иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Беранжер Бёлл ва Сардори раёсати энергетика ва рушди устувори Вазорати корҳои хориҷии Аморот Шайима Ҳусейн Гаргаш суханронӣ намуданд.
Ашрафҷон Гулов роҷеъ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим суханронӣ намуда, шарҳи мухтасари ҳадаф, афзалият ва натиҷаҳои интизории Конфронси оби Душанбе, хусусан нақши онро дар густариши муколамаҳои ҷаҳонӣ оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва саҳмгузорӣ дар пешбурди конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2026 (шаҳри Абузабӣ) ва 2028 (шаҳри Душанбе) пешниҳод кард.
Дар идома навори таблиғотӣ ва рӯнамои фарогири маълумоти зарурӣ доир ба масоили муҳтавоӣ, тадорукотӣ ва ташрифотии Конфронси оби Душанбе пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ










Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид






