Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд

Май 24, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 90 – солагии фаъолияти хизматии ходими илмӣ ва техникаи Тоҷикистон, профессор Муқаддима Ашрафӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Муқаддима Ашрафӣ: масоили таърихӣ-назарии санъати минётури тоҷик» бо иштироки олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи мамлакат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академия миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар конфронс иброз гардид, ки профессор Муқаддима Ашрафӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷастаи илми санъатшиносии тоҷик буда, дар омӯзиш ва таҳқиқи таъриху назарияи санъати минётури тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.

Муқаддима Ашрафӣ  муаллифи чандин рисолаҳо, даҳҳо мақолаҳои илмии академӣ буда,  доир ба масъалаҳои таърихию консептуалии ташаккули рушди мактаби классикии минётур, намояндагони он, аз ҷумла устоди барҷастаи санъати минётур-нигоргарӣ  Камолиддин Беҳзод  буда,  таҳқиқоташ дар давлатҳои Аврупо, Шарқ, собиқ Итттиҳоди Шуравӣ ба нашр расидаву дар доираи илми ҳунаршиносии байналмилалӣ эътироф шудаанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки ҳунари миниётур-нигоргарӣ аз бахшҳои муҳимми таркибии тамаддуни тоҷикон ва Осиёи Марказӣ буда,   ин навъи эҷодиёти бадеӣ дар раванди таърихӣ дар марказҳои дерини таърихию фарҳангии Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Балх, Нишопур бунёд ёфта,  аз ҷумла пешрафта ба ҳисоб меравад.

Баён гардид, ки ин ҳунари зебоишиносӣ бо кӯшиши эҷодии устодони мактабҳои касбии санъати минётур таҳти сарварии мусаввирон устод Абдулҳайёи Самарқандӣ, Пирмуҳаммади Самарқандӣ, Камолиддин Беҳзод ва дигарон рӯйи саҳна омада, дар ташаккул, пешрафти санъати миниётурӣ ва китобороӣ саҳми бузург гузошт. Офаридаҳои ҳунарии ин устодони варзида осорхонаҳои машҳури Шарқу Ғарбро оро дода, дар таърихи тамаддуни Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва  Ҳинд ҷойгоҳи хоса доранд.

Таъкид гардид, ки мероси илмӣ  дар муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон нақши муҳим дошта, таҳқиқоти ӯ имрӯз низ барои муҳаққиқон ва донишҷӯёни соҳаи санъатшиносӣ аҳамияти бузурги илмӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси фарҳангии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Инчунин дар доираи конфронс ба масъалаҳои таърих ва назарияи ҳунари нигоргарӣ-миниётур, чун аз бахшҳои арзишманди мардумони Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд асосан муҳаққиқони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Аврупо ва  Шарқ асарҳои таҳқиқотӣ анҷом дода, ин навиштаҳои илмӣ ба забонҳои гуногун нашр шудаанд.  Имрӯз ҳам пажуҳишгарон дар ин самт машғули омӯзишанд.

Ёдоварӣ шуд, ки  ин навъи  ҳунарҳои бадеӣ дар таърихи санъати тасвирӣ-нигоргарӣ ва китобороии тоҷик ҷойгоҳи арзанда дошта, аввалин мактабҳои ҳунарии касбӣ дар марказҳои дерини таърихию фарҳангии мо ташаккулу рушд намуда, сарвари ин мактабҳои ҳунарӣ аз намояндагони ҳунарманду пуровозаи миллати мо буданд.

Таҳқиқоти пуразиши илмии академии профессор Муқаддима Ашрафӣ «Шеъри форсии тоҷикӣ дар миниётурҳои садаҳои «XIV-XVI», «Аз таърихи инкишофи минётури Эрон дар асри XVI», «Беҳзод ва инкишофи мактаби миниётури Бухоро дар асри XVI», «Миниётури Самарканд дар асри XV», «Миниётури тоҷикӣ: Мактаби Бухорои асрҳои XVI-XVII», «Миниётури тоҷикӣ: аз Камолиддин Беҳзод то Ризоӣ Аббосӣ» ва ғайра аз ҷониби олимону ҳунармандони варзидаи дохилию хориҷӣ пазируфта шудаанд.

АКС: Академия миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Май 24, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд