Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд
ҲИСОР, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии мамлакат дар Ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор корхонаҳои истеҳсоли хишт ва сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Евростандарт» ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Корхонаҳои мазкур баъди мавриди истифода қарор гирифтан бо иқтидори баланд маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол намуда, садҳо сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамоянд.
Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар Ҷамоати шаҳраки Шарора бо сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна, бинои маъмурии ҷамоати шаҳрак, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ шинос гардид. Ба масъулин барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, риояи қоидаҳои меъморӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоот маслиҳат дода шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар дар кӯчаҳои А. Ҷомӣ ва Дӯстии ҷамоати шаҳраки Шарора мавзеъҳои махсус барои бозии кӯдакон ва мактаби мусиқию кӯдакистон бунёд карда мешаванд. Меҳмонон бо лоиҳаҳои ин иншооти муҳим шинос гардиданд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сохтмони 1809 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз соҳибкорону сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 1646 иншоотро мавриди истифода қарор додаанд, ки 91 фоизи умумии нақшаро ташкил медиҳад. Маблағи дар ин самт масрафшуда 490 миллион сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 943 ҷойи кор таъсис дода шудааст. Дар иншооти боқимонда сохтмон идома дорад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






