Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим бо мақсади пурра фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бунёди бинои муосири кӯдакистон оғоз гардид, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад. Бино барои 60 кӯдак пешбинӣ шуда, дорои синфхонаҳои муосир, ошхона, хонаи хоби кӯдакон ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад. Ба таълиму тарбияи кӯдакон ва фароҳам овардани шароити техникию маишии онҳо 24 мураббӣ ва дигар кормандони техникӣ ҷалб карда мешаванд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Роҳбарияти вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон изҳор намуд, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду-се соли охир дар вилоят беш аз 30 муассисаи муосири томактабӣ мавриди истифода қарор гирифта, фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Сармутахассиси шуъбаи иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Латиф Шоҳзодаев гуфт, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони бинои 55 кӯдакистони нав бо суръату сифати баланд идома дорад. Соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ишкошим дар маҷмуъ 6 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад. Ин муассисаҳои томактабӣ ба ҷалби ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсил равона гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






