Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо муовини раиси Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон Довлетхан Фамил оғлу Довлетханов, раиси Кумитаи шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Мухтори Нахичевон Илгар Садихов дар Боку баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Вохӯрии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон 21 май пас аз иштирок дар чорабиниҳои канории вохӯрӣ дар доираи Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13) баргузор шуд.
Дар мулоқот инчунин татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи меъморӣ ва сохтмон ва табодули таҷрибаи пешқадам баррасӣ гардид.
Ҳамзамон доир ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ, такмили низоми банақшагирии шаҳрсозӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ мубодилаи афкор доир шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои корӣ байни сохторҳои дахлдори ду давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






