Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тағйиру иловаҳо ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ СБҲМ (IFRS) 9 «Воситаҳои молиявӣ» ва СББМ (IAS) 21 «Таъсири тағйироти қурби асъори хориҷӣ» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҳамоиши Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии аудитории KPMG, ки ба «Чаҳоргонаи бузурги ширкатҳои аудиторӣ» дохил мебошад, дар шаҳри Душанбе барои ташкилоти қарзии молиявӣ дар мавзуи «Шарҳи умумии тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) ва масъалаҳои татбиқи амалии СБҲМ; Ҳисоботи ESG» гузаронида шуд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба стандартҳое, ки минбаъд мавриди амал қарор мегиранд, аз ҷумла СБҲМ (IFRS) 18 «Пешниҳод ва ифшои маълумот дар ҳисоботи молиявӣ» ва СБҲМ (IFRS) 19 «Ташкилоти фаръӣ бе масъулияти оммавии ҳисоботдиҳӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокдорон ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳисоботдиҳии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ, аҳаммияти он барои баланд бардоштани шаффофият ва устувории фаъолияти ташкилоти молиявӣ, инчунин дурнамои татбиқи чунин ҳисоботдиҳӣ дар низоми молиявии кишварро муҳокима намуданд.
Гуфта шуд, ки татбиқи саривақтии талаботи нави Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва принсипҳои ҳисоботдиҳии ESG барои таъмини шаффофият ва эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ, таҳкими идоракунии корпоративӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти ташкилоти молиявӣ ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст






