Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маъмурияти бозори марказии шаҳри Пензаи Федератсияи Русия барои ба фурӯш баровардани меваҳои хушки Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои махсуси савдо ҷудо намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, ин иқдом дар доираи таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду давлат амалӣ гардида, ба густариши содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад.
Меваҳои хушки Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу, мавиз, анҷир ва дигар навъҳои хушсифат бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ба бозори вилояти Пенза ворид карда мешаванд. Ташкили растаҳои алоҳида имкон медиҳад, ки хушкмеваҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шароити беҳтар ба намоиш гузошта шуда, дастраси бештари харидорон гардад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин тадбирҳо на танҳо сатҳи содиротро афзоиш медиҳанд, балки ба муаррифии бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамзамон ин раванд метавонад ба таъсиси робитаҳои мустақими тиҷоратӣ байни истеҳсолкунандагон ва харидорони хориҷӣ мусоидат намояд.
Қобили тазаккур аст, ки вилояти Пенза бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар доираи ин созишнома, интиқоли мунтазами маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба бозорҳои вилояти Пенза ба роҳ монда мешавад.
Ин ҳамкорӣ ҳамчун қадами муҳими тақвияти робитаҳои иқтисодӣ арзёбӣ гардида, интизор меравад, ки дар оянда ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ба Федератсияи Русия боз ҳам бештар гардад. Истифодаи чунин имкониятҳо метавонад ба рушди бахши кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади содиротӣ мусоидат намояд.
Бо татбиқи чунин иқдомҳо Тоҷикистон мавқеи худро дар бозорҳои байналмилалӣ тадриҷан таҳким бахшида, ба унвони содироткунандаи маҳсулоти босифати кишоварзӣ бештар шинохта мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд






