Дар Брюссел ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи андоз баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брюссел вохӯрии Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо Раиси Шурои мудирияти Хадамоти давлатии федералии молияи Шоҳигарии Белгия Филип Ван де Велде доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами маъмурикунонии андоз, ислоҳоти низоми андози ду давлат, идоракунии қарзҳои андозӣ, инчунин дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни мақомоти андози Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нусратулло Давлатзода дар ҷараёни вохӯрӣ ҷониби Белгияро бо натиҷаҳои асосии ислоҳоти андозие, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд, шинос намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон ба масъалаҳои рақамикунонии соҳаи андоз таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аҳамияти идомаи чунин мулоқотро ҳамчун омили муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба ва татбиқи босамари ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории минбаъда ба рушди устувори соҳаи андоз ва иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






