Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ дар мавзуи «Таърихи Истиқлолият ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу пойдории давлатдории миллӣ» баргузор гардид.
Дар он собиқадорони хизмати давлатӣ ва олимону таърихшиносон дар назди кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастовард буда, заминаи ҳифз ва таҳкими давлатдорию ҳувияти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва озодию соҳибихтиёрӣ аст. Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, ҳамчун давлати сулҳҷӯ, тараққихоҳ ва ташаббускори рафъи мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ аз худ дарак дод.
Иштирокдорони чорабинӣ аз нақши таърихсози Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поягузории давлатдории миллӣ сухан карда, аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро падидаи таъсиргузор дар бунёди ҷомеаи имрӯза номиданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли миллӣ, бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи роҳбарии хеш бо заҳмату фидокориҳои камназир миллатро аз парешонӣ наҷот дода, Тоҷикистонро ба кишвари амну осоишта ва ободу пешрафта мубаддал намуданд.












СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






