Дар даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» 370 хонандаю донишҷӯ иштирок менамоянд

Май 29, 2026 11:09

ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар даври ниҳоии фестивал беш аз 370 хонандаю донишҷӯ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз рӯйи 12 ихтисос дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 8 ихтисос дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ маҳорату малака месанҷанд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ»-ро яке аз иқдомҳои муҳиму саривақтӣ дар самти рушди таҳсилоти касбӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат арзёбӣ намуд.

Иброз гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди босуръати иқтисодӣ ва саноатикунонии мамлакат қарор дошта, дар ин раванд тайёр намудани кадрҳои соҳибкасбу рақобатпазир аҳамияти хосса пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, чунин озмуну фестивалҳо барои такмили донишҳои назариявию амалӣ, муаррифии истеъдод ва баланд бардоштани малакаҳои касбии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

«Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди таҳсилоти касбӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибҳунар равона гардида, дар доираи ин таваҷҷуҳ солҳои охир шароити муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ беҳтар гардидааст. Баргузории фестивал идомаи ҳамин сиёсати созанда буда, барои дарёфт ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод нақши муҳим мебозад»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода баргузории фестивалро чун майдони воқеии рақобати касбӣ ва муаррифии имконияти ҷавонон арзёбӣ намуда, гуфт, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба рушди таҳсили касбӣ сол ба сол бештар гардида, имрӯз муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин мегарданд.

Даври ниҳоии фестивал, ки имрӯз идома дорад, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникию санитарӣ, дӯзанда-либосдӯз ва ронанда иштирок доранд.

Ҳамзамон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, таъминоти барқ, технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ, ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ, наққошии бадеӣ, рассомӣ, коркарди бадеии чӯб — кандакорӣ, ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат, кори ҳамширагӣ ва дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» дар се давр баргузор мегардад. Даври аввал аз 1 то 15 апрел дар муассисаҳои таълимӣ, даври дуюм аз 1 то 10 май дар сатҳи минтақаҳо ва вилоятҳо баргузор гардида, ғолибони он ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» пагоҳ, 30 май дар Душанбе баргузор мегардад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2026 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд