Дар деҳоти шаҳри Турсунзода иншооти иҷтимоиву варзишӣ ва роҳи маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Боғи Ирами Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси шаҳр Парвиз Акрамзода толори варзишӣ, марказҳои дилхушии кӯдакон ва роҳи маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, толори варзишӣ ва маркази тафреҳи кӯдакон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои рушди варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳр зимни суҳбат бо наврасон онҳоро ба таҳсил, касбомӯзӣ ва машғул шудан ба варзиш даъват намуд.
Инчунин, дар деҳа 2 маркази дилхушии кӯдакон, толори варзишӣ ва нуқтаи хӯрокҳои тезтайёр ба истифода дода шуд, ки ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Сокинони маҳаллӣ ифтитоҳи иншооти мазкурро нишонаи идомаи корҳои ободонӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон роҳи деҳаҳои Сангқалъа ва «Боғи Ирам ба масофаи беш аз 1 километр асфалтпӯш гардида, инфрасохтори нақлиётии минтақа беҳтар карда шуд.
Раиси шаҳр бо кормандони соҳаи тандурустии МСД «Боғи Ирам» мулоқот карда, онҳоро ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ даъват намуд.
Ҳамчунин ба соҳибкори маҳаллӣ Қурбоналӣ Ҳусейнов барои саҳм дар ободонии деҳа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






