Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати Ашт»-и ноҳияи Ашт хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоти муосир иқтидори коркарди пахта дар корхона ду баробар зиёд хоҳад шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Насбу васли дастгоҳу таҷҳизоти нав ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва баланд гардидани сифати маҳсулот мусоидат мекунад.
Имрӯзҳо дар вилояти Суғд ба коркарди пурраи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин иқдоми муҳим имкон медиҳад, ки арзиши иловашудаи маҳсулот афзуда, ба иқтисоди миллӣ манфиати бештар расонида шавад. Рушди коркарди пахта ҳамзамон барои таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Масъулини ҷамъияти «Саноати Ашт» бо татбиқи нақшаҳои созанда дар амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ—саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Бунёди корхонаи истеҳсоли матоъ марҳилаи навбатии рушди истеҳсолот ва қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи давлат арзёбӣ мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид






