Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?

Май 5, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 11 то 15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир  мешавад, ки дар чаҳорчӯби  он баргузории як зумра чорабиниҳои канорӣ  дар назар дошта шудааст. Дар ин чорабиниҳо кадом мавзуъҳо матраҳ мешаванд?

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, чорабиниҳои мазкур аз мавзуъҳои зерин иборат мебошанд:

— Пайвасти оянда: Форуми ҷавонон таҳти унвони «Табдил додани низоми якҷояи агроозуқаворӣ»;

— Муколамаи сармоягузорӣ;

— Муттаҳидшавӣ барои устуворӣ. Таҳкими устувории низомҳои кишоварзӣ;

— Вокуниши Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба буҳронҳои сершумор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ;

— Афзалияти минтақавӣ. Чаҳоргонаи беҳтар ва Ҳадафҳои Рушди Устувор;

— Натиҷаҳои минтақавӣ. Чаҳор самти беҳтар ва Ҳадафҳои Рушди Устувор;

— Биоиқтисод ва шарикӣ;

— Чорабинии махсус доир ба масъалаи занон.

Ҳадафи асосии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам овардани платформаи расмӣ барои иштирокдорон аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи мушкилот, муайян кардани афзалият (рушди устувори озуқаворӣ, рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳо) ва андешидани тадбирҳо бобати тағйир додани низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.

Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаҳои охир барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидаанд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои об, иқлим, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ равона гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо иштирокчии чунин чорабиниҳо, балки ташкилкунанда ва ташаббускори онҳо низ мебошад, ки ин нуфузи байналмилалии мамлакатро боз ҳам баланд мебардорад. Ин чорабиниҳо на танҳо барои баррасии масъалаҳои глобалӣ, балки барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ замина фароҳам меоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст