Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон (18-21 май) дар шаҳри Бишкек дар мавзуи «Турсунзода ва Айтматов: вассофони сулҳу дӯстӣ» ҳамоиши илмӣ-адабӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони доираҳои илмӣ ва адабии ҳарду давлат иштирок намуда, доир ба нақш ва хидмати бузурги Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳи байни халқҳо ибрози андеша намуданд.
Иброз гардид, ки мероси адабии Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов дар фазои фарҳангии Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хос дошта, ҳамчун омили муҳими таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва арзишҳои башардӯстона хизмат менамоянд. Эҷодиёти ин абармардони сухан саршор аз идеяҳои дӯстии халқҳо, ваҳдати маънавӣ, эҳтиром ба инсон ва муколамаи фарҳангҳо мебошанд.
Гуфта шуд, ки осори Мирзо Турсунзода ва Чингиз Айтматов то имрӯз наслҳо ва халқҳоро ба ҳам мепайванданд ва аз рисолати баланди адабиёт дар таҳкими сулҳ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил ёдовар мегарданд.
Инчунин дар ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва зарурати густариши минбаъдаи робитаҳо байни доираҳои илмӣ, адабӣ ва эҷодии ду давлат зоҳир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 21 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Барномаи чорабиниҳо намояндагони соҳаҳои фарҳанг, санъат, адабиёт ва синаморо ба ҳам оварда, барои табодули фарҳангӣ ва муколамаи созандаи эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Он барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва табодули таҷриба дар байни аҳли фарҳанги ду мамлакат имконияти иловагӣ фароҳам меорад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд






