Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи ҳамкории байналмилалии донишгоҳ бо Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Тоҷикистон (TIKA) ва Агентии Корея- KOICA коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва кормандони субъектҳои хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муҳимияти омӯзиш ва иштирок дар коргоҳи коромӯзӣ дар мавзуи «Равишҳои муосир дар таълими гардишгарӣ» дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ аҳамияти махсуси илмӣ ва амалӣ дорад. Он ба рушди малакаҳои касбии устодону донишҷӯён, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ дар Тоҷикистон, Туркия ва Корея равона гардидааст.
Омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самти хизматрасонии гардишгарӣ дар таҷрибаи давлатҳои Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ баланд арзёбӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар раванди омӯзиш устодони ботаҷриба аз Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ иштирок карда, дониш ва малакаҳои касбияшонро ба иштирокдорон дар назария ва амал нишон доданд.
Ҳадафи коргоҳҳои коромӯзӣ мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Имрӯз сайёҳон аз хадамоти гардишгарӣ на танҳо сифати баланд, балки муносибати касбӣ, одоби муошират, амният, истифодаи фановариҳои муосир ва дастрасии иттилоотиро интизор мебошанд.
АКС: Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






