Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд

Май 25, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷамъбаст ва мукофотонидани ғолибони Олимпиадаи VI ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фанҳои математика, химия, биология, физика, технологияҳои иттилоотӣ ва география барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад,   олимпиада аз 23 то 25 май баргузор шуда, дар он зиёда аз 180 донишҷӯ аз 36 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ иштирок намуда, донишу маҳорат нишон доданд.

Ғолибони ҷойи якум бо 5000 сомонӣ, Диплом ва «Ҷоми раёсат», ҷойи дуюм бо 3000 сомонӣ ва Диплом ва ҷойи сеюм бо 1000 сомонӣ ва Диплом сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти олимпиада ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин олимпиадаҳо баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии илмии ҷавонон, рушди қобилияти эҷодиву таҳлилӣ, таҳкими рақобати солим байни донишҷӯён ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдоди илмӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва рушди неруи зеҳнии ҷумҳурӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 25, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд