Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хотири ба Ватан баргардонидани қисмате аз хоки оромгоҳи қаҳрамонон ҳамоиш доир шуд

Май 21, 2026 11:12

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хотири ба Ватан баргардонидани қисмате аз хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ ҳамоиши илмӣ-маърифатии ҳайати олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни муассиса баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз дошт, ки дар таърихи давлатдории халқҳо рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо чун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун эҳёи виҷдон, бедории хотираи миллӣ ва рамзи адолати таърихӣ ҷовидона боқӣ мемонанд. Иқдоми наҷибона ва пурифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат- Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад.

Таъкид гардид, ки ин иқдом танҳо маросими рамзии интиқоли хок набуда, балки таҷассумгари эҳтироми давлат ба таърих, қадршиносии миллат аз фарзандони содиқ ва зуҳури сиёсати фарҳангсолоронаи Пешвои миллат мебошад. Дар воқеъ, миллате, ки қаҳрамонони худро пос медорад ва хотираи онҳоро зинда нигоҳ медорад, ҳеҷ гоҳ дар саҳнаи таърих гум намешавад.

Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи он чеҳраҳои нодире буданд, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне қадам ба майдони сиёсат гузоштанд, ки сарнавишти миллатҳои Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тақсимоти сиёсиву маъмурӣ қарор дошт. Маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи ин фарзандони ватандӯст Тоҷикистон аз як воҳиди маҳдуди маъмурӣ ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфта, пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким пайдо кард.

Ҳамоиши илмӣ-маърифатии ҳайати олимону донишмандон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Поси хотири қаҳрамонони миллӣ ва таҳкими худшиносии тоҷикон дар партави сиёсати Пешвои миллат» бо баҳрамандӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арҷгузорӣ ба корнома ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ва бозгӯйи эҳтироми амиқи ҷомеаи илмии ин боргоҳи илму маърифат ба таърихи давлатдории тоҷикон маҳсуб мешавад.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Май 21, 2026 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд