Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид

Май 3, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор ва намоиш–фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, намоиши ҷойи холии кор бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон гузаронида шуд. Дар намоиш аз ҷониби беш аз сад корхонаю ташкилот зиёда аз 1200 ҷойи холии кор пешниҳод гардид. Дар натиҷа беш аз 80 нафар соҳиби роҳхат шуданд, ки музди маоши пешниҳодгардида аз 1000 то 5000 сомониро ташкил медиҳад.

Иброз шуд, ки раёсати донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар гузаронидани раванди таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон бо беш аз 230 корхонаю ташкилот шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Инчунин беш аз 20 маркази рушди касбияти кафедраҳо дар назди ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳамкор дар самти баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён ва таъмини шуғли онҳо таъсис дода шудааст.

Имрӯзҳо дар доираи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта, бо ҷойи кори хуб таъмин мешаванд. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон равандҳои муосири таълим ҷорӣ гардида, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва ташкили даврҳои такмили ихтисос бо иштироки корфармоён гузаронида мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Май 3, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд