Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон–неруи созанда ва ояндаи дурахшони миллат» ҳамоиши ҷавонон доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, иштирокчиёни ҳамоиш бо намоиши дастовардҳои илмӣ, техникӣ ва эҷодии омӯзгорону донишҷӯён шинос шуданд. Дар намоишгоҳ маҳсули корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, корҳои дастӣ ва дастовардҳои варзишию фарҳангии ҷавонон муаррифӣ гардиданд.
Иброз гардид, ки таҳкими ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ҷалби ҷавонон ба илму донишандӯзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омода намудани ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа барои саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти муҳим дорад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар тамоми соҳаҳо–аз илму маориф то иқтисоду технология, варзишу фарҳанг ва хизмати давлатӣ фаъолона иштирок намуда, дар пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд.
Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Маҳз бо дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат барои ҷавонон имконияти васеи таҳсил, илмандӯзӣ, соҳибкасбӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда шудааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «ҷавонон ояндаи миллат ва давлат буда, пешрафту тараққиёти Ватан аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии онҳо вобастагии калон дорад».
Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд ҳамеша ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар худ тақвият бахшида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ободии Ватан саҳм гузоранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз ҷавонони соҳибилму соҳибмаърифат метавонанд нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






