Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва ҷойи холии кор баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намоиши маҳсулот ва ҷойи холии кор барои хатмкунандагон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабинӣ бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони якчанд корхонаю муассисаҳо баргузор шуд. Ҳадафи он аз мусоидат ба таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ, рушди бозори меҳнат ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши истеҳсолот иборат буд.
Зимни ифтитоҳи намоиш иброз гардид, ки таҳкими низоми омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати омода намудани мутахассисони рақобатпазирро барои бахши саноат бештар тақвият медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки дар намоиш намояндагони корхонаю ширкатҳои саноатӣ ва бонкҳо иштирок намуда, ба хатмкунандагон оид ба ҷойи холии кор маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ байни корфармоён ва хатмкунандагон саволу ҷавоб доир шуд.
Дар анҷом барои донишҷӯён-хатмкунандагон дарсҳои маҳорат оид ба рушди касбият, таҳияи лоиҳаҳо ва стартапҳо баргузор гардиданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон










Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






