Дар Душанбе Ҷаласаи 11-уми минтақавии Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи минтақавии аъзои Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ (CABCN) баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласа дар доираи ҳамкории Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Боғи миллии Ҷумҳурии Корея ва як қатор муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон доир карда шуд.
Дар чорабинии минтақавӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода гуфт, ки гуногунии биологии кишвар, бахусус захираҳои арзишманди генетикии он барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва инчунин устувории экологӣ аҳаммияти калидӣ доранд.
Исфандиёр Шукурзода оиб ба аҳаммияти тақвияти иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ барои таҳияи тадбирҳои илмӣ-асоснок ҷиҳати ҳифзи экосистемаҳои арзишманд ва дастгирии хизматрасониҳои экосистемӣ ибрози андеша кард.
Ҷаласаи минтақавӣ оид ба ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ бо иштироки мутахассисон ва олимони институтҳои миллии ботаника ва боғҳои ботаникии чор кишвари Осиёи Марказӣ, намояндагон ва олимони Боғи миллии Корея, Боғи миллии Бэкдудеган ва ташкилотҳои тадқиқотии Кореяи Ҷанубӣ таҳти раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур ҳамчун платформа барои баррасии дастовардҳои охирини илмӣ-амалӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои арзишманди флористӣ хизмат намуд.
Муҳокимарониҳо имкон доданд, ки самтҳои афзалиятноки кори муштарак дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳа муайян карда шаванд, ки ба омӯзиши таркиб, ҳолати растанипӯшии ҳудудҳои муҳими флористӣ ва таҳияи тадбирҳои мувофиқи илмӣ оид ба истифодаи устувор, инчунин ҳифзи намудҳои арзишманд равона мегарданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






