Дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти раёсати ҳамраисони комиссия – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Иштирокдорони ҷаласа иброз доштанд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии роҳбарони олии ду давлат муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Эрон имрӯз ба сатҳи сифатан нави рушд расидаанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкории мутақобили судманд байни ду мамлакат солҳои охир тамоюли рӯ ба рушд дорад. Аз ҷумла, дар се моҳи аввали соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар 119,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 8,9 миллион доллар ё 8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таъкид карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссия ба боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкории судманд, фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи тарҳҳои нави муштарак ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ байни ду мамлакати дӯсту ҳамзабон мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми ҷаласа ҳамраисони комиссия Протоколи ҷаласаи 18-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба имзо расониданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид






