Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид

Май 20, 2026 17:16

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Ҷон Сонг Шик оид ба баргузории Форуми 3-юми марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мулоқот доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таваҷҷуҳи асосии мулоқоти ҷонибҳо ба баргузории Форуми 3-юми марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ равона гардид. Ин форум бо ташаббуси муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея моҳи июни соли 2026 баргузор мегардад. Дар форум коршиносон ва таҳлилгарон аз давлатҳои минтақа иштирок карда, имконияти васеи ҳамкориро фароҳам меоранд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории мавҷудаи Тоҷикистону Кореяро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд. Дар ин замина ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории Марказ бо дигар ниҳодҳои таҳқиқотии Кореяи Ҷанубӣ низ изҳори назар намуданд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ, имконияти васеи энергетикии «сабз» ва зарфияти кишоварзӣ мебошад. Бо беҳтар  гардидани ҳамкорӣ бо Корея ва бо назардошти таҷрибаю технологияҳои пешрафтаи ин давлат  Тоҷикистон метавонад натиҷаҳои назаррас ва самарабахш ба даст оварад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2026 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад