Дар Душанбе дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР баррасӣ гардид

Май 30, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ҳамкориро тақвият медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби Президенти БАТР оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ Марк Боуман масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи БАТР дар Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории минбаъда баррасӣ гардиданд.

Фирдавс Толибзода саҳми Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ро ҳамчун шарики стратегӣ дар таҳкими низоми бонкии кишвар, аз ҷумла дастгирии ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва рушди устувори мамлакат назаррас арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо дар бораи сиёсати қурби асъор, раванди рақамикунонии низоми бонкӣ, Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), комплайнс, талабот ба қарзҳои ипотекӣ, рушди бозори суғурта, тақвияти иқтидори мутахассисон дар самти риояи меъёрҳо, муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, идоракунии хавфҳо ва татбиқи усулҳои муосири назорат, маблағгузории иқтисоди “сабз”, хавфҳои тағйирёбии иқлим, сармоягузории ташкилоти қарзии молиявӣ, инчунин масъалаҳои рушди иқтисоди «сабз» ва молияи устувор мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот инчунин оид ба рушди бозори коғазҳои қиматнок, гузариш ба иқтисоди «сабз», рушди низоми суғурта, мубориза бар зидди шустушӯи пул, муаррифии татбиқи маҳсулоти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба мубодилаи маҳсулот ва масъалаҳои марбут ба хавф таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Марк Боуман аз сатҳи ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро барои идомаи дастгирии ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ, рушди низоми бонкӣ ва махсусан бахши хусусии кишвар иброз намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 30, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд