Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мешавад

Май 18, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивали бошукуҳи фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 бо мақсади таҳкими ҳамкории фарҳангии дуҷониба, бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг доир мегардад.

Дар фестивал тамошобини тоҷик имконият пайдо мекунад, ки дар муҳити воқеӣ бо фарҳангу анъанаҳои Корея шинос гардад.

Хотиррасон мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд. Маҳз натиҷаи сиёсати дурандешона ва некбинонаи роҳбарияти олии ҳарду давлат буд, ки мардумони ду мамлакат якдигарро ба ҳайси дӯсти боэътимод ва шарики нек дарёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, хосса соҳаи фарҳанг ва илму маориф муносибатҳои мутақобили судмандро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон дар роҳи ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошта қадамҳои устувор мениҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 18, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид