Дар Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ яке аз омилҳои калидии рушди низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти устувори он ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба низоми молиявӣ мебошад. Чунин иброз намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни ифтитоҳи Фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар шаҳри Душанбе.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Фестивали «Саводнокии молиявӣ» бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ, ташкилоти суғуртавӣ ва шарикони рушд доир шуд.
Ҳадафи фестивал васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии молиявию суғуртавӣ, муаррифии хизматрасониҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мебошад. Дар ин самт Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгари бозори молиявӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва шарикони рушд тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Таъкид шуд, ки аз соли 2022 то имрӯз дар 31 шаҳру ноҳияи кишвар бо фарогирии зиёда аз 72 ҳазор сокинон фестивалҳои «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуданд. Дар баробари ин, аз соли 2023 то имрӯз аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ дар саросари Тоҷикистон зиёда аз 5,6 ҳазор чорабинии маърифатӣ бо иштироки беш аз 330 ҳазор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, кормандони корхонаву ташкилоти давлатӣ ва хусусӣ, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ доир гардидааст. Илова бар ин, платформаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла сомонаи fingram.tj ва саҳифаҳои махсус дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гардида, барои баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ мунтазам маводи омӯзишӣ пешниҳод мешавад.
Рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва вусъат ёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар мамлакат низ ба баланд гардидани фарҳанги молиявии аҳолӣ мусоидат мекунад. Дар ин замина, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардида, он бо ҷалби тамоми сохторҳои марбута ва шарикони рушд татбиқ карда мешавад.
Иштирокдорон доир ба мавзуъҳои «Дастрасӣ ба қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо», «Дастгирии давлатии рушди соҳибкории занон», «Қарзҳои сабз» ва «Пешгирии амалҳои қаллобӣ» бо рӯнамоҳо сухан намуданд.
Дар доираи барномаи фестивали «Саводнокии молиявӣ» инчунин маросими ҷоизасупории озмуни «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор» баргузор гардид. Он ба дастгирии соҳибкории занон, тарғиби хизматрасониҳои молиявӣ байни субъектҳои хоҷагидор, аҳолӣ ва махсусан занони соҳибкор, беҳтар намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ мусоидат мекунад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд






