Дар Душанбе густариши ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаи меҳнат ва касбомӯзӣ баррасӣ гардид

Май 1, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ташкили даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самтҳои нассоҷӣ, коркарди чарм ва дигар бахшҳои саноатӣ зимни вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо дар вохӯрӣ ҷалби сармоягузориро барои таъсиси корхонаҳои хурду миёна дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» ва филиалҳои он дар марказҳои муосири касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ муҳим шумориданд.

Иброз гардид, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ҳамчун яке аз абзори калидии таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аввали соли 2026 ҷониби Покистон лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнатро пешниҳод намудааст. Ин лоиҳа самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла мусоидат ба ҷалби қувваҳои корӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнати ҳарду давлат, мубодилаи таҷриба, такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин ҳамкорӣ дар бахшҳои назорати меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи саломатӣ дар ҷойи корро дар бар мегирад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкории мутақобили судманд ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад