Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Тшилидзи Марвала вохӯрӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самтҳои таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва татбиқи технологияҳои «сабз»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин масъалаи баланд бардоштани маърифати истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи захираҳои обӣ дар байни муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон дар мулоқот имкониятҳои таъсиси филиали Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (United Nations University) дар Тоҷикистон, ба роҳ мондани барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ муҳокима шуданд.
Иброз гардид, ки густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварад.
Таъкид шуд, ки истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, таҳқиқоти илмӣ ва идоракунии соҳа метавонад ба баланд гардидани сифати таҳсилот ва рушди захираҳои инсонӣ мусоидат намояд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад






