Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Барномаҳои шарикӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ – намунаи ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш» чорабинии канорӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи чорабинӣ муаррифии барномаҳои шарикӣ байни ФАО ва Озарбойҷон, ФАО ва Қазоқистон ва ФАО ва Туркия ҳамчун моделҳои муассири ҳамкории минтақавӣ ва мубодилаи донишҳо ва нишон додани саҳми онҳо дар рушди устувори кишоварзӣ ва системаҳои озуқаворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва берун аз он мебошад.
Зимни чорабинӣ изҳор гардид, ки ҳамоиш инчунин барои таҳлили дарсҳои асосии гирифташуда ва муайян кардани имконот барои такмили минбаъда ва такрори равишҳои шарикӣ дар доираи барномаҳои минтақавӣ ва глобалии ФАО имкон медиҳад.
Ба андешаи иштирокдорон, солҳои охир барномаҳои шарикӣ, ки аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) амалӣ мегарданд, аҳамияти стратегӣ пайдо карда, ҳамкории густурдаи онро бо кишварҳои аъзои Созмон, Иттиҳоди Аврупо, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мукаммал мегардонанд.
Ин барномаҳо ба афзалияти миллии рушди кишварҳои иштирокчӣ асос ёфта, ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва фаромарзии марбут ба табдили системаҳои озуқавории кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, идоракунии захираҳои табиӣ ва рушди деҳот нигаронида шудаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






