Дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон ва Бурунди баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Сарвазири кишвари Бурунди Нестор Нтахонтуэ мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид шуд, ки байни Тоҷикистон ва Бурунди заминаҳои хуби ҳамкорӣ вуҷуд доранд, ки истифода аз онҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд. Аз ҷумла, тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва таъсиси Комиссияи байниҳукуматии муштараки Тоҷикистону Бурунди доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ муҳим дониста шуд.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо алоқамандиашонро барои густариши робитаҳо дар самтҳои энергетика, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва амният таъкид доштанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






