Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 июни соли 2026 дар Маркази намоишгоҳии байналмилалии «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ– саноаткунонии босуръати мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади он муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифатнокии он мебошад.
Дар назар аст, ки дар намоиш маҳсулоти косметикӣ, таҷҳизоти косметологӣ, маҳсулоти нигоҳубин ва гигиенӣ, витаминҳо, ғизои варзишӣ, таҷҳизоти тиббӣ, маҳсулоти дорусозӣ, таҷҳизоти лабораторӣ, таҷҳизоти дорусозӣ, тиббӣ, ташхисӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти коркарди гиёҳҳо, асбоби тиббӣ, доруҳои тайёр, маҳсулоти ортопедӣ ва протезҳо аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шаванд.
Муаррифии молу маҳсулот дар чунин намоишгоҳҳо ба беҳтар гардидани робита байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда мусоидат намуда, барои таъмини аҳолии мамлакат бо дору, молҳои тиббии дорои сифати ҷаҳонӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас замина фароҳам меорад.
Намоишгоҳ барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ, намоиши дастовардҳои навтарин дар соҳаи тандурустӣ ва зебоӣ, омӯхтани тамоюлҳои бозор ва дурнамои рушди соҳа имконияти беназир фароҳам меорад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






