Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид

Май 14, 2026 14:10

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоту маснуоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкили ин чорабинӣ муаррифии имконияти истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорон ва таҳкими робитаҳо бо ташкилоти байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуда, бо фаъолияти истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ ва раванди омода намудани маҳсулот аз наздик шинос шуданд. Ба намоиш навъҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва ҳунармандӣ, аз ҷумла мебел, либос, маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар маснуоти истеҳсолшуда пешниҳод гардиданд.

Масъулони соҳа таъкид намуданд, ки баргузории чунин намоишҳо барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти иҷтимоисозии маҳкумшудагон ва мутобиқсозии онҳо ба ҳаёти ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Ҷалби маҳкумшудагон ба фаъолияти истеҳсолӣ ва омӯзиши касбу ҳунар метавонад барои баланд бардоштани малакаи касбӣ, таъмини шуғл ва омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона пас аз адои ҷазо мусоидат намояд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки рушди фаъолияти истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷойи нави кор таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар гардад. Меҳмонони чорабинӣ ба сифати маҳсулоти пешниҳодшуда ва имконоти истеҳсолии муассисаҳо баҳои баланд дода, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ҳавасмандӣ нишон доданд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ саҳми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятиро дар пешбурди ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ назаррас арзёбӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки татбиқи барномаҳои омӯзишӣ, даврҳои касбомӯзӣ ва таҷдиди инфрасохтори истеҳсолӣ метавонад барои беҳтар гардидани шароити бозомӯзии маҳкумшудагон ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткории такрорӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2026 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад