Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд

Май 30, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори генералии ширкати чинӣ Wangneng Environment Пинг Сонг вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо дурнамои сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо»-ро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Музокирот дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад ва мутахассисони соҳаҳои экология ва энергетика омӯзиши ҷанбаҳои техникӣ, иқтисодӣ ва экологии лоиҳаи эҳтимолиро оғоз карданд.

Татбиқи чунин корхона метавонад яке аз масъалаҳои асосии шаҳри Душанбе–коркард ва безараргардонии зиёда аз 1500 тонна партовро дар як шабонарӯз ҳал намояд, инчунин истеҳсоли неруи барқ ва гармиро таъмин кунад.

Ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаи муштарак ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид