Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд

Май 30, 2026 12:04

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» бо иштироки роҳбарону масъулини соҳаи таҳсилоти касбӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Меҳмонони фестивал нахуст бо намоиши дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат шинос шуданд. Дар намоишгоҳ маҳсули фаъолияти амалӣ, ихтироъҳо, корҳои эҷодӣ ва намунаҳои ҳунарҳои касбии хонандагону донишҷӯён ба маъраз гузошта шуданд. Иброз гардид, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ ба марказҳои воқеии омодасозии кадрҳои соҳибҳунар ва рақобатпазир табдил меёбанд.

Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки  баргузории чунин чорабиниҳо, озмунҳо, фестивалҳо ва олимпиадаҳо байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Онҳо танҳо шакли рақобати таълимӣ набуда, балки василаи муассири бедор намудани шавқу ҳаваси ҷавонон ба касбу ҳунар, муайян кардани истеъдодҳои нав, таҳкими худбоварӣ ва ташаккули фарҳанги меҳнат мебошанд.

Озмуну фестивалҳо ва олимпиадаҳои касбӣ имкон медиҳанд, ки хонандагону донишҷӯён донишҳои назариявиро дар амал татбиқ намоянд, малакаҳои касбияшонро санҷанд, таҷрибаи ҳамсолонашонро омӯзанд ва ба касби интихобкардаашон муносибати ҷиддӣ пайдо намоянд.

Муҳимтар аз ҳама, чунин чорабиниҳо робитаи таълимро бо истеҳсолот, назарияро бо амал ва муассисаҳои таълимиро бо талаботи воқеии бозори меҳнат тақвият мебахшанд. Маҳз дар ҳамин раванд ҷавонон дарк менамоянд, ки касбу ҳунар на танҳо роҳи гирифтани маълумотнома ё диплом, балки заминаи зиндагии шоиста, меҳнати ҳалол, худтаъминкунӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан мебошад.

Баргузор гардидани Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳим ва нишонаи равшани таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба рушди омӯзиши касбу ҳунар, баланд бардоштани мақоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва муаррифии ҷавонони соҳибмалака мебошад.

Таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва омодасозии кадрҳои миллӣ муваффақияти назаррас ба даст омаданд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Касбомӯзӣ ва соҳиб шудан ба ҳунарҳои замонавӣ омили муҳимми таъмин намудани зиндагии шоиста ва расидан ба сатҳи рақобатнокии иқтисодӣ мебошад».

«Саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди иқтисоди рақамӣ, сохтмони иншооти муҳим, тавсеаи хизматрасонӣ, рушди кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва соҳибкорӣ бе мутахассисони соҳибкасб, коргарони баландихтисос ва кадрҳои миёнаи касбӣ ғайриимкон аст», — гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ»-ро ҳамчун яке аз иқдомҳои муҳим ва саривақтии давлатӣ дар самти рушди таҳсилоти касбӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ва саноатикунонии босуръат қарор дорад. Дар чунин шароит масъалаи омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва мутахассисони дорои малакаҳои амалӣ аҳамияти махсус касб мекунад.

Дар фестивал Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски аз ҳамкории судманди Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди таҳсилоти касбӣ ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки имрӯз дар ҷаҳон рушди иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими низоми таҳсилоти касбӣ вобаста мебошад. Ӯ баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани нуфузи касбу ҳунар ва омодасозии ҷавонони соҳибмалака муҳим арзёбӣ кард.

Бояд гуфт, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар даври ниҳоии он беш аз 370 хонанда ва донишҷӯ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи 20 ихтисоси гуногун маҳорат санҷиданд.

Ба ғолибон Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Ҳамзамон ба як зумра роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва шарикони чорабинӣ барои саҳми арзанда дар ташкилу баргузории фестивал Сипоснома тақдим гардид.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»          

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2026 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд