Дар Душанбе рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва маблағгузории «сабз» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва маблағгузории «сабз» аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) таҳти роҳбарии директори навтаъйини минтақавии IFC дар кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Саймон Эндрюс дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявиро бо нишондиҳандаҳои асосии низоми молиявию бонкии кишвар шинос намуда, тамоюли мусбати рушди соҳаро ёдовар шуд.
Роҳбари ҳайати IFC Саймон Эндрюс нишондиҳандаҳои бахши бонкии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, Бонки миллии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла хориҷ гардидани ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйхати таҳримҳо табрик намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба таҳияи Стратегияи нави ҳамкории кишварӣ (Country Partnership Framework) барои панҷ соли оянда табодули назар намуданд. Дар ин замина зарурати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва маблағгузории «сабз» таъкид гардид.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории техникӣ, тақвияти рушди инфрасохтори молиявӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ барои дастгирии ислоҳоти бахши бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






