Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ» ба имзо расид

Май 27, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ» (AMAL) ба имзо расонида шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузории лоиҳа 19,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Роберто Лонго ба имзо расониданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, маблағгузории лоиҳа пурра аз ҳисоби грантҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ амалӣ мегардад. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи он 2,3 миллион доллар аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ» (AMAL) ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, афзоиши даромад ва таҳкими устувории хонаводаҳои деҳоти кишвар, махсусан чорводорони хурд, равона гардидааст.

Ҳамчунин, дар доираи он беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар назар дошта шудааст.

Инчунин, лоиҳа ба рушди занҷири арзиши маҳсулоти чорводорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, беҳтарсозии амнияти озуқаворӣ ва густариши дастрасии деҳқонон ба бозорҳои дохилӣ ва минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид