Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои мамлакат байни муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва шаҳрвандони сафаркунанда корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд, дар ҷараёни вохӯриҳо бо шаҳрвандоне, ки аз Федератсияи Русия баргаштаанд, масъалаҳои таъмини онҳо бо ҷойи холии кор дар ширкатҳои ватанӣ, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Русия доранд, тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар вазъи худ, аз ҷумла мавҷудияти маҳдудият ё манъи вурудро тавассути сохторҳои дахлдори Хадамоти муҳоҷират санҷида, баъдан чиптаи сафар харанд. Зеро дар ҳолати мавҷуд будани маҳдудият гузаштан аз сарҳади давлатӣ имконнопазир мегардад.
Таъкид шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ барои фаъолияти қонунӣ дар кишвари қабулкунанда бояд патент, суғуртаи тиббӣ, санҷиши тиббӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии дигарро дар муҳлатҳои муқарраргардида дарёфт намоянд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо инчунин оид ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, тартиби бақайдгирӣ, гирифтани патент, супоридани имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва қонунгузорӣ, инчунин талаботи нави будубош маълумоти муфассал дода шуд.
Ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон телефони боварии фаврӣ (900-80-08-00) фаъол буда, онҳо метавонанд барои гирифтани машварат ва маълумоти зарурӣ муроҷиат намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон якчанд ширкати Федератсияи Русия омодаанд муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба таври муташаккилона бо ҷойи кор, шароити зист ва ҳуҷҷатгузории расмӣ таъмин намоянд.
АКС: Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






