Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имсол 280 қуттӣ навъи кирмаки чинӣ дастрас намуданд. Мувофиқи меъёри муайяншуда, аз ҳар қуттӣ ба ҳисоби миёна то 26 килограмм пилла истеҳсол карда мешавад. Мувофиқи нақша бояд дар ин мавсим 7280 килограмм пилла ҷамъоварӣ карда шавад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кирмакпарварони ноҳия мақсад доранд, ки аз ҳар қуттӣ кирмак аз 30 то 35 килограмм пилла истеҳсол намуда, дар пешрафти соҳа саҳм гузоранд.
Тавре намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳим Давлатов изҳор дошт, то имрӯз ба нуқтаи қабули пилла беш аз 1320 килограмм пилла супорида шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад.
Бо мақсади тақвият ва рушди соҳа дар ноҳия 57 гектар тутзор бунёд карда шудааст. Дар он беш аз 8 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст, ки имрӯзҳо сабзиши хуб доранд.
Яке аз роҳҳои дигари баланд шудани ҳаҷми истеҳсоли пилла истифодаи тухмии хушсифат мебошад. Давоми солҳои охир кирмакпарварон аз навъи тухми чинӣ истифода мебаранд. Ин тухмӣ ба иқлиму шароит созгор буда, дар ҳолати нигоҳубини хуб ва таъмини ғизои саривақтӣ имкон фароҳам меорад, ки сифату ҳосилнокии пилла баланд бардошта шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






