Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳолиёр Қурбонов»-и Қубодиён дар 11 гектар меваю зироат парвариш мешавад
ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истифодаи самараноки замин дар хоҷагии деҳқонии «Ҳолиёр Қурбонов»-и ноҳияи Қубодиён дар 11 гектар пахта, гандум, беда ва ангур парвариш карда мешавад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар»
Аз ҷумла, дар 2,5 гектар токзор ташкил гардидааст, ки имрӯзҳо кишоварзони хоҷагӣ коркарди байни қаторҳоро ба анҷом мерасонанд. Дар хоҷагӣ навъҳои гуногуни ангур, аз қабили “победа”, “ҳусайнӣ” ва “шоҳона” парвариш карда мешаванд, ки талабот ба ин навъҳо дар бозори истеъмолӣ зиёд аст.
Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ Суннатулло Қурбонов, ин навъи ангур дар хавозаҳои мувофиқ хубтар ҳосил мебандад, яъне навдаҳои ангур бештар панҷа зада, паҳн мешаванд, озодона инкишоф меёбанд ва таъмашон низ ширину обдор мегардад. Дар идомаи суҳбат роҳбари хоҷагӣ изҳор дошт, ки дар ҳар гектар замин 300 ниҳоли ангур шинонида шуда, ҳамасола аз он ҳосили дилхоҳу фаровон рӯёнида мешавад.
Дар ҳолати риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ, ғизодиҳии саривақтӣ ва нармкунии ниҳолҳо аз ҳар ниҳоли ангур аз 120 то 150 кг ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Ҷамъоварии ангур моҳи август оғоз гардида, то моҳи октябр идома меёбад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагӣ ба бозорҳои дохилӣ бароварда ва қисмати дигараш содирот карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






