Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз рӯйи наминатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даври шаҳрии озмун 120 довталаб дар номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок мекунанд.
Таъкид шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, бо баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошанд, гузаронида мешавад.
Тибқи Низомномаи озмун, дар номинатсияи санъати тасвирӣ нусхабардории асарҳои рассоми дигар қатъиян манъ аст.
Асари офарида бояд бе ёрии падару модар ва устод тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он номи асар, насаб, ном ва номи падар, синни иштирокдори озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор) дарҷ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






