Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 май дар кинотеатри «Ала-Тоо»-и шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар доираи рӯзҳо филмҳое, ки солҳои охир ба навор гирифта шудаанд, манзури дӯстдорони синамо гардонида мешаванд. Тамошобинон беҳтарин намунаҳои синамои муосири тоҷикро дида, тавассути санъати кино бо фарҳанг, анъана ва зиндагии мардуми тоҷик шинос мегарданд.
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон имконияти хуб барои муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ ва густариши муколамаи фарҳангӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 21 май дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад. Он инчунин барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва мубодилаи таҷриба байни аҳли фарҳанги ду давлат имконияти нав фароҳам меорад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






