Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ҲИСОР, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши пуршукуҳи идона баргузор гардид. Зимни он оилаҳои пешқадами шаҳр дастовардҳои намоёнро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар чорабинии тантанавӣ ба якчанд кӯдаки навзод шаҳодатномаи таваллуд, ба оилаҳои намунавию ғолибони озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ва собиқадорони мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Иброз гардид, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Оила давлати хурде мебошад, ки қонуну қоидаҳои худро дорад. Дар ҳамин макон агар фарзанд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбад, ба халқу ватани хеш содиқона хизмат менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Он соли 1994 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






