Дар Кӯлоб бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади таъмини идомаи босуръати корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир шуд. Дар он вазъи кунунии минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Барои суръат бахшидан ба корҳои барқарорсозӣ ва расонидани кумак ба аҳолии осебдида ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилоят идома доранд. Аз ҷумла, комиссияҳои махсуси соҳавӣ ва гурӯҳҳои корӣ ба маҳаллаҳо ва минтақаҳои зарардида равона гардидаанд. Ҳамзамон корҳои муайянсозии ҳаҷми зарар ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ босуръат идома доранд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки бо истифода аз техникаҳои махсус ва ҷалби сохторҳои марбута корҳои тозакунии роҳҳои нақлиётгард аз лой, сангреза ва дигар монеаҳо тақвият ёфтаанд. Масъулон барои барқарор намудани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои аз офати табиӣ осебдида тадбирҳои иловагиро меандешанд.
Инчунин гурӯҳҳои муҳандисӣ ва мутахассисони соҳа ба барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои обтаъминкунӣ, алоқа ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ машғул мебошанд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳои фавқулода корҳои муҳандисӣ ва профилактикӣ, аз ҷумла тоза намудани маҷрои рӯдхонаҳо, ҷӯйборҳо ва заҳбурҳо, инчунин мустаҳкамсозии соҳилҳо дар мавзеъҳои хавфнок идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини амнияти санитарӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ низ корҳои безараргардонӣ, назорати вазъи санитарӣ ва расонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ идома дорад.
Барои барқарор намудани заминҳои кишоварзии осебдида, каналҳои обёрӣ ва дигар инфрасохтори кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Дар маҷмуъ корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Кӯлоб идома дошта, тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба ҳарчи зудтар фароҳам овардани шароити муътадили зиндагии сокинон ва барқарор намудани фаъолияти пурраи инфрасохтор равона карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 1 май бар асари бориши шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ–обхезӣ ва сел ба амал омада, бархе аз кӯчаю маҳаллаҳо зарар диданд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, мутаассифона, се сокини шаҳр фавтида, се каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд. Ҳамзамон бар асари ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон, роҳҳо, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар иншоот зарар расидааст. Ҳамдардӣ ва тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони фавтидагон ва хонаводаҳои зарардида расонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






